27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:08, Душанбе
20.01.2025 13:24

Аз оғози ҷанг дар Ғаза 14 ҳазор низомии исроилӣ кушта ва захмӣ шудаанд

Аз оғози ҷанги Ғаза то замони оғози оташбас омори низомиёни кушта ва захмишудаи Исроил ба 14 ҳазор расидааст. Дар ин хусус, ВАО-и исроилӣ ба нақл аз сарчашмаҳои худ дар артиши ин кишвар хабар медиҳанд.

Ин омор нишон медиҳад, ки ба шакли миёнгин дар ҳар моҳ як ҳазор сарбози исроилӣ захмӣ шудаанд.

ВАО-и исроилӣ ҳамчунин, иддао кардаанд, ки аз оғози ҷанг то кунун 840 низомии исроилӣ кушта шудаанд.

Чанде қабл ВАО аз иҷро шудани қарордоди оташбас миёни Исроил ва Ҳамос хабар доданд. Бар асоси қарордоди оташбас бояд Ҳамос гаравгонҳои исроилиро раҳо кунад ва бар ивази он Исроил вазифадор аст, ки асирони фаластиниро озод намояд. Дар марҳилаи аввали иҷро шудани оташбас Ҳамос се асири зани исроилиро аз банд раҳо кард.

Рӯзе қабл Муҳаммад бинни Абдураҳмон Оли Сонӣ, вазири корҳои хориҷаи Қатар талошҳои муваффақона дар ҷиҳати эҷоди оташбас миёни Исроил ва Ҳамос хабар дода буд.

“Тарафҳои фаластинӣ ва исроилӣ бо тавофуқи оташбас дар минтақаи Ғаза мувофиқат намуда буданд. Иҷрои тавофуқ аз рӯзи якшанбе, 19-уми январ оғоз шуд ва бар асоси тавофуқ Ҳамос 33 асирро бар ивази озодии асирони фаластинӣ озод хоҳад кард”- зикр карда буд вазири хориҷаи Қатар.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.