Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Пас аз озодии Салим Бойбача Ташиев аз маҳви олами ҷиноӣ дар Қирғизистон хабар дод
Пас аз он, ки хабари озодии чеҳраи маъруфи олами ҷиноӣ Салим Бойбача дар ВАО нашр гардид, дар Қирғизистон оид ба маҳви гурӯҳҳои ҷиноӣ суҳбат карданд.
Раиси Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Ташиев бо донишҷӯёни донишгоҳҳои олии Қирғизистон суҳбат намуда, таъкид кард, ки маҳви гурӯҳҳои муташаккили ҷиноии зери роҳбарии Қамчӣ Колбоев ҳадафи асосии давлат барои барақарор намудани тартиботи ҷамъиятӣ аст.
Қамчибек Ташиев дар хусуси доманаи фаъолияти гурӯҳи ҷиноии Қамчӣ Колбоев маълумот дода, афзудааст, ки сохтори ин гурӯҳи ҷиноӣ тамоми қаламрави кишварро фаро гирифтааст.
“Вай раҳбари “закон-вор” – дузди қонунӣ буд ва дар вилояту ноҳия, шаҳрҳо кураторҳои таъйинамудаи ӯ амал мекарданд. Онҳо ба тамаъҷӯии мантазам аз тоҷирон маблағ мегирифтанд” –таъкид намуд Қамчибек Ташиев.
Раиси Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон аз байн бурдани гурӯҳи ҷиноии зикршударо таъкид кард ва гуфт, ки фаъолияти он сабаби зери хатар қарор гирифтани амнияти миллӣ шудааст.
Ӯ дар хусуси безарар гардонидани на танҳо Колобоев, балки доираҳои наздики ӯ ва ҳамчунин, дигар гурӯҳҳои ҷиноӣ хабар дод.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”