Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Ҳинд қасд дорад, дар бахши тиҷорат, тандурустӣ ва варзиш бо Толибон ҳамкорӣ кунад
Як мақоми аршади Вазорати корҳои хориҷии Ҳиндустон эълон кард, ки ин кишвар омода аст бо “давлати мардумии Афғонистон” дар бахшҳои тиҷорат, тандурустӣ ва варзиш ҳамкорӣ кунад.
Сухангӯйи Вазорати корҳои хориҷии Ҳиндустон Рандхир Ҷайсвал таъкид кард, ки ин кишвар қасд дорад, бо афзоиши кумакҳои башардӯстона ва ҳамкориҳои иктишофӣ равобит бо давлати Афғонистонро тақвият кунад.
Ӯ бо ёдоварӣ аз мулоқоти Викрам Мисри, муовини Вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон дар шаҳри Дубай бо Вазири корҳои хориҷии Толибон Амирхон Муттақӣ афзуд, ки Ҳиндустон мехоҳад дар Бандари Чобаҳор тиҷорат бо Афғонистонро густариш диҳад.
“Мо бо сароҳат эълон кардем, ки мехоҳем иқдомоти бештаре барои ироаи кумакҳои башардӯстона ва таомул бо давлат-мардуми Афғонистон дар заминаҳои ҳамкориҳои иктишофӣ анҷом диҳем”- таъкид кард сухангӯйи Вазорати корҳои хориҷии Ҳиндустон.
Вай зимни баёни аҳдофи Ҳиндустон дар Афғонистон аз ба кор бурдани калимоти “Имороти Исломӣ” ва “Толибон” худдорӣ кард.
Сухангӯйи Вазорати корҳои хориҷии Ҳиндустон, ҳамчунин, таъкид кард, ки “Мо маъмурияти хосе дар Кобул дорем. Мо мехоҳем он корҳоеро, ки дар даст дорем, дар ростои тақвияти равобити дарозмуддат бо мардуми Афғонистон идома диҳем”.
Ҳиндустон пас аз ин ки гурӯҳи террористии Толибон ба қудрат расиданд, равобити диплопатиашро бо ин гурӯҳ аз сар гирифт. Ҳоло мақомоти дипломатии ду кишвар равобитро танзим мекунанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”