Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Дар Қазоқистон ҳаҷми паровҳои пластикӣ бо суръат меафзояд
Дар солҳои охир ҳаҷми партовҳои пластикӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон меафзояд. Тибқи иттилои Вазорати экология ва захираҳои табиии Ҷумҳурии Қазоқистон тадқиқот нишон дод, ки истифодаи пластика дар ин кишвар афзоиш ёфтааст.
Манбаъ иттилоъ медиҳад, ки дар байни солҳои 2022 ва 2023 ҳаҷми маҳсулоти пластикие, ки вориди бозори Қазоқистон шудааст, аз 387 ҳазор тонна ба 855 ҳазор тонна афзуда, 121,6% дарсадро ташкил додааст.
Вобаста ба ин, дар доираи лоиҳаи “Партовҳои пластикӣ дар ноҳияҳои дурдаст ва кӯҳистонҳои Қазоқистон ва Ӯзбекистон инвенттаризатсияи партовҳои пластикӣ барои солҳои 2022-2023 гузаронида шуд.
Дар соли 2022 ҳаҷми партовҳои пластикӣ 296 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки он нисбат ба соли 2013 ду баробар зиёд мебошад.
Мушкилоти асосӣ нокифоя будани инфрасохтори коркарди партовҳо, набудани системаи ҷудогонаи ҷамъоварӣ ва сатҳи пасти фарҳанги экологии аҳолӣ мебошад.
Барои ҳалли ин мушкилот чунин тадбирҳо пешниҳод шуданд: беҳбудии инфрасохтор, ҷорӣ намудани коллексияи алоҳида, баланд бардоштани маърифати экологӣ ва тағйири қонунгузорӣ.
Натиҷаҳои инвентаризатсия ба Қазоқистон дар таҳияи стратегияҳои самараноки идоракунии партовҳои пластикӣ кумак мекунанд, ки ба гузариш ба иқтисодиёти даврӣ ва беҳтар намудани вазъи экологӣ мусоидат кунанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”