Эрон: гузоришҳои расонаҳои Ғарб дар бораи музокирот бо Амрико дурӯғанд
Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”
Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод
Карлос Пратес: "То чемпион нашавам, намемирам"
Эрон хоҳони роҳёбӣ ба бозори нафт ва гази Тоҷикистон аст
Дар пасманзари сафари Масъуд Пизикшиён президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Тоҷикистон Муҳсин Покнажод, вазири нафти Эрон бо Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дидор ва гуфтугӯ намуд.
Муҳсин Покнажод дар мулоқот бо Далер Ҷумъа таъкид кард, ки иштирокоти фарҳангиву забонӣ ва тамаддуниву таърихии ду кишвар заминагузори рушди равобити дуҷониба хоҳад буд.
Вазири нафти Эрон таъкид кард, ки рушди робитаҳои иқтисодӣ, махсусан дар бахши энергетика бо Тоҷикистон барои Эрон аҳамияти хос дорад. Муҳсин Покнажод бо таъкид бар тавонмандиҳои Эрон дар бахши энергетика, бахусус нафту газ афзуд, ки “Ширкатҳои иктишофот ва тавлиди эронӣ низ омодаи ҳузур дар бозор ва гази кишварҳои Осиёи Миёна ҳастанд. Ҳамакнун ширкатҳои тавонманди эронӣ барои фаъолият дар бахшҳои болодастӣ ва пойиндастии санъати нафт ва газ омодагӣ доранд, то дар борзорҳои байналмилалӣ ҳузур дошта бошанд”.
Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мулоқот бо вазири нафти Эрон Муҳсин Покнажод таъкид кард, ки Тоҷикистон таваҷҷуҳи хос дар заминаи рушди муносибатҳои иқтисодӣ бар бахши энергетикӣ дорад. Вазири тоҷик афзуд, дар соли 2023 сақфи табодули тиҷорати Эрон ва Тоҷикистон ба 300 миллион доллар расид ва тибқи пешбиниҳо дар соли ҷорӣ 60 дарсад рушд хоҳад кард.
“Умедворем дар сафари Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Тоҷикистон муқаддамоти лозим барои рушди тиҷорат бо Эрон дар бахши нафт ва газ эҷод шавад. Тоҷикистон барои таъмини амнияти энергетикии худ ду полоишгоҳи нафтӣ ба зарфияти болои 500 ҳазор тонна дар солро дорад. Алоқа дорем, ширкатҳои эронӣ битавонанд дар бозори дохилии Тоҷикистон ҳузури фаъол дошта бошанд” – таъкид кард Далер Ҷумъа.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”