27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:50, Душанбе
17.01.2025 09:55

Пизишкиён дар дидор бо табибони тоҷик: “Бо касе душманӣ надорем”

Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён, ки дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино суханронӣ мекард, таъкид намуд, аз ҷанг нафрат дорад ва бо кинаву душманӣ ба касе нигоҳ намекунад.

Масъуд Пизишкиён, ки дар ҷамъи устодону донишҷӯёни тоҷик суҳбат мекард, афзуд: “Ҳар касе, ки меҷангаду ҷангталаб аст, мушкиле дар мағзаш вуҷуд дорад”.

Президенти Эрон таъкид кард, ки бояд ба қишри осебпазири ҷомеа, ки имконоти маҳдуд доранд, таваҷҷуҳ шавад: “Касоне бештар дучори бемориву маргу мир мешаванд, ки фақиртар, бесаводтар, бекор, ятим ва бесарпарастанд”.

Масъуд Пизишкиён афзуд, ки тандурустӣ танҳо бо амали тиббӣ ба даст намеояд ва ниёзманди таваҷҷуҳ ба омилҳоест, ки қишрҳои заифи ҷомеаро таҳдид мекунад.

“Хатари фақр ятимон, дурафтодаҳо ва бесаводҳоро бештар таҳдид мекунад. Касоне, ки ошно ва дастрасӣ надоранд, бештар аз дигарон дар маърази хатар қарор мегиранд”- таъкид кард Масъуд Пизишкиён.

Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон таъкид кард, ки сиёсатгузорон ва масъулони соҳаи тандурустӣ бештар ба афроди бесарпаноҳ, фақир ва қишри осебпазири ҷомеа таваҷҷуҳ кунанд ва шароити беҳтару роҳаттар барои ин афрод фароҳам намоянд.

“Одаме, ки пул, ошно ва илм дорад, ба роҳатӣ метавонад ба ҷое, ки мехоҳад бирасад, вале мо бояд касонеро бибинем, ки маъмулан касе ба онҳо таваҷҷуҳ намекунад”- афзуд президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон.

Масъуд Пизишкиён бо таъкид бар ин ки сиёсати Эрон ҷангталабона нест ва бо ҳеч кас даъво надорад, афзуд “Аз ҳар гуна ҷангу хушунат танаффур дорем. Ҳадафи ман ба унвони президент чизе ҷуз саломатӣ барои мардуми кишварам ва табобати мардумони ҷаҳон нест. Мо бо нигоҳи кина ва душманӣ ба касе нигоҳ намекунем ва ба дунболи ҳалли мушкилот ҳастем”.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.