27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:47, Душанбе
15.01.2025 15:21

Мақомдори рус: “Узвияти Арманистон дар Иттиҳоди Аврупо оқибатҳои бади иқтисодӣ дорад”

Як мақомдори баландпояи Русия ба Арманистон ҳушдор шуд, ки дар сурати узвият дар Иттиҳоди Аврупо аз узвияти Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё хориҷ шавад. Ин мақомдори рус таъкид кардааст, ки пайвастани Арманистон ба Иттиҳоди Аврупо паёмадҳои иқтисодии сахт хоҳад дошт.

Алексей Оверчук, муовини сарвазири Русия оид ба лоиҳаи пайвастани Арманистон ба Иттиҳоди Аврупо изҳори назар намуда, ин иқдомро оғози хуруҷи Арманистон аз Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё донистааст. Ин мақомдори рус меафзояд, ки Русия сиёсати иқтисодии худ дар қиболи Арманистонро дар чорчӯби нав танзим хоҳад кард.

“Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ва Иттиҳоди Аврупо бо якдигар созгор нестанд. Ҳар ду иттиҳодия ба маънои адами вуҷуди марзҳои гумрукӣ ва озодии ҳамлу нақли маҳсулот, хизматрасонӣ, сармоя ва неруи кор мебошад. Тасвири ин ки ду иттиҳодия дар нуқтае ба якдигар васл шаванд, ғайримумкин аст. Бо ин далел, лоиҳаи ин қонун оғози раванди узвият ба Иттиҳоди Аврупоро, ки дар Арманистон дар ҳоли баррасӣ аст, кишварро водор ба интихоб мекунад”- таъкид кардааст Алексей Оверчук.

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян зимни муҳокимаи қонуни пайвастани Арманистон ба Иттиҳоди Аврупо чунин афзуд: “Пас аз тасвиби қонун мо бояд, бо Иттиҳоди Аврупо дар мавриди нақшаи роҳе, ки онҳо ва мо дар назар дорем, гуфтугӯ кунем, бо якдигар нақшаи роҳро танзим намоем”.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.