27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:49, Душанбе
15.01.2025 15:03

10 кӯдаки гирифтори бемории дилро дар Чин ройгон табобат мекунанд

Дар майдони ҳавоии шаҳри Душанбе 10 кӯдаке, ки гирифтори бемории модарзоди дил буданд, барои табобати ройгон ба вилояти мухтори Шинҷон-Уйғури Чин фиристода шуданд.

Ин иқдоми башардӯстона дар чорчӯби созишномаи байни Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Халқии Чин сурат мегирад.

Табобати кӯдакони бемор аз 11-уми январ то 20-уми январи соли 2025 ба нақша гирифта шудааст.

Дар маросими фиристодани тантанавии кӯдакон Сафири фавқулода ва мухтори Чин дар Тоҷикистон Ҷи Шумин ва муовини вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Абдусаматзода иштирок намуданд.

Сафири фавқулода ва мухтори Чин Ҷи Шумин изҳор дошт, ки “Чунин ташаббус намунаи дурахшони дӯстии мустаҳками мост. Чин ва Тоҷикистон- шарикони стратегӣ буда, омодаанд дар татбиқи лоиҳаҳои иҷтимоӣ ҳамдигарро дастгирӣ намоянд. Ғамхорӣ дар бораи саломатии кӯдакон  афзалияти умумии мо аст”.

Муовини вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Абдусаматзода таъкид кард, ки “Ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи тиб ҳамасола таҳким меёбад. Мо аз ҳамкорони худ барои фароҳам овардани имконоти муолиҷаи ройгон миннатдорем ва итминон дорем, ки кӯдакон солим ба хона бармегарданд”.

Иқдоми мазкур бахше аз барномаи ҳамкориҳои беҳдоштӣ дар чорчӯби ҳамкориҳои стратегии Тоҷикистон ва Чин мебошад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.