Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Толибон хабархонии занон дар радио ва телевизионро манъ карданд
Гурӯҳи террористии Толибон ба мудирони радио ва телевизион дар Ҳироти Афғонистон дастур доданд, ки занони журналист дигар хабар нахонанд, зеро он сабаби таҳрики ҷинсии мардон мешавад.
Масъулони амр бар маъруфи Толибон ба масъулони ВАО дастур дода, таъкид кардаанд, “замоне, ки занон хабар мехонанд, мо таҳрик мешавем”.
Рӯзномаи “Ҳашти субҳ” аз қавли манбаъи худ навишт, ки Толибон дастурро ҳамроҳ бо ҳушдор содир кардаанд.
Толибон ба шарҳи дастури худ пардохта таъкид кардаанд, ки “Гӯяндагони зан сабаби таҳрики мо ва таҳрики мардон мешаванд. Бо ин сабаб хабар хондани занонро манъ кардаанд.
Ҳанӯз аз тарафи мақомоти Толибон расман мамнуъияти овози занон тасдиқ нашудааст, вале маҳдудияти шадид бар зидди занон ва ВАО эҷод кардаанд.
Қабл аз ин, Толибон дастур содир намуданд, ки занон дар вақти иҷрои барномаи телевизионӣ ба рӯйи худ моск зананд, то сураташон дида нашавад.
Гурӯҳи террористии Толибон ҳузури занон дар фазои умумиро таҳрикомез мехонанд. Яъне, ба қавли онон, садои зан боиси таҳрики ҷинсии мардон мешавад. Ба ҳамин далел, Толибон занонро аз ҳузур дар ҷомеа ва фазои умумӣ ҳазф карда, гуфтаанд садои зан аврат мебошад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”