27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:10, Душанбе
15.01.2025 14:37

Дар Суғд ба маблағи 22,3 миллиард сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол шуд

Имсол дар вилояти Суғд соҳаи кишоварзӣ рушд кардааст ва бар асоси натиҷагирии мақомоти вилоят ба маблағи 22, 3 миллиард сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол шудааст.

Дафтари матбуоти вилояти Суғд иттилоъ медиҳад, ки дар соли 2024 масъулони вилоят барои рушди соҳаи кишоварзӣ тадбирҳои мушаххас андешиданд. Тибқи нақшаи истеҳсолӣ дар ҳама шаклҳои хоҷагидории вилоят кишти зироатҳо дар майдони 282, 8 ҳазор гектар гузаронида шуд.

“Дар вилоят истеҳсоли  сабзавот 686,8 ҳазор тонна, аз ҷумла пиёз 206,2 ҳазор тонна, картошка 658, 5 ҳазор тонна, полезӣ 236,0 ҳазор тонна, мевагиҳо 253, 9 ҳазор тонна, аз он ҷумла зардолу 174, 8 ҳазор тонна, ангур 62, 7 ҳазор тонна, зироатҳои хӯроки чорво 545, 7 ҳазор тонна воҳиди хӯрока таъмин гардид, ки нисбат ба соли 2023 суръати афзоиши истеҳсоли сабзавот 105, 8 фоиз, аз ҷумла пиёз 110,1 фоиз, картошка 109, 7 фоиз, полезӣ 106, 4 фоиз, мевагиҳо 114, 1 фоиз, аз ҷумла зардолу 111, 2 фоиз, ангур 122,2 фоиз ва зироатҳои хӯроки чорво 100, 9 фоизро ташкил намуд”- таъкид мекунад дафтари матбуоти Вилояти Суғд.

Дар соли ҷорӣ истеҳсоли гӯшти чорво ва паранда афзуда, натиҷаҳои назаррас ба даст омадааст. Таъкид мегардад, ки дар соли ҷорӣ истеҳсоли гӯшти чорвою паранда бо вазни зинда 92, 8 ҳазор тонна, аз ҷумла гӯшти паранда 19, 3 ҳазор тонна, моҳӣ 1013, 3 ҳазор тонна, шир 311, 1 ҳазор тоннаро ташкил додааст.

Дар умум натиҷаҳои рушди соҳаи кишоварзӣ дар соли 2024 мусбат арзёбӣ гардид ва роҳбарияти вилоят барои рушди соҳаи кишоварзӣ ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.