Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Мақомдори пешини покистонӣ силоҳҳои НАТО-ро омили афзоиши терроризм медонад
Як мақомдори пешини ҳукумати Покистон гуфтааст, ки силоҳҳои НАТО ба дасти гурӯҳҳои террористӣ афтидааст, ки ин гурӯҳҳо аз он барои густариши терроризм истифода мекунанд.
Анварулҳақ Кокар, сарвазири пешини Покистон мегӯяд, силоҳҳои боқимондаи НАТО дар Афғонистон боиси афзоиши терроризм дар минтақа шудааст.
Вай таъкид мекунад, ки таҷҳизоти низомие, ки акнун ба дасти ҷангҷӯён қарор дорад, таҳдиди ҷиддӣ ба амният ва суботи минтақа эҷод кардааст.
Сарвазири пешини Покистон меафзояд, гузоришҳое вуҷуд дорад, силоҳҳои амрикоӣ ба дасти Толибони покистонӣ афтида ва ин таҷҳизот дар бозор озод харид ва фурӯш мешавад.
Вай бо ишора ба амалиёти артиши Покистон дар соли 2014 дар Вазиристони Шимолӣ афзуд, ки дар он вақт терроризм дар Покистон шикаст нахӯрд. Тибқи иддаои ӯ, террористҳои покистонӣ дар соли 2014 ба Афғонистон фирор карданд ва замоне, ки шароит барояшон мусоид шуд, дубора ба фаъолиятҳои худ пардохтанд.
Анварулҳақ Кокар афзуд, ки Покистон наметавонад монанди Амрико Афғонистонро тарк кунад ва барои мубориза бо терроризм ҳатто як аср тӯл бикашад, ҷанг хоҳад кард.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”