Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Ӯзбекистон маблағгузории ВАО-и давлатиро афзоиш додааст
Дар соли 2025 дар буҷети давлатии Ӯзбекистон маблағгузории аксари ВАО-и давлатӣ афзоиш ёфтааст. Ин иқдом дар қонуни буҷети давлатӣ ва фармони президент пешбинӣ шудааст. Дар ин хусус ВАО-и Ӯзбекистон хабар медиҳад.
Дар қонуни буҷети давлатӣ пешбинӣ шудааст, ки имсол ба ширкати давлатии телевизион ва радио 881,3 миллиард сом ворид мешавад ва он нисбат ба соли 2024, 58,5 фоиз зиёд мебошад.
Маблағҳо барои хариди таҷҳизот, каналҳои Ӯзбекистон-24 ва “Маҳалла”–ро ба формати HD гузаронидан, инчунин, амалӣ намудани вазифаи стратегӣ оид ба рушди арзишҳои демократӣ ва инъикоси ислоҳот дар доираи стратегияи Ӯзбекистони нав равона карда мешаванд.
Ҳаҷми радиошунавонӣ имсол 15 фоиз меафзояд. Шумораи шабакаҳои телевизионӣ (26) ва радио (17) фоиз бе тағйир боқӣ мемонанд.
Ҳамчунин, ба агентии миллӣ 40,7 миллиард сом ҷудо шудааст. Инъикос намудани сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, афзоиши аудитория ва нашрияҳо ба забонҳои хориҷӣ, аз ҷумлаи вазифаҳои агентӣ мебошад.
Дар соли 2025 буҷети газетаҳои ҷумҳуриявии “Янги Ӯзбекистон”, “Правда Востока”, “Нурли жол” ва “Овози тоҷик” 65,6 миллиард сомро ташкил медиҳад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”