27 Сентябр 2026,
якшанбе, 22:01, Душанбе
14.01.2025 15:13

Гаравгонгирӣ дар Қазоқистон: 2 нафар ба ҳалокат расид

Мақомоти полиси вилояти Актюбеи Қазоқистон хабар доданд, ки гурӯҳе аз гумонбарон як занро дар бинои истиқоматии минтақаи номбурда гаравгон гирифтанд. Тибқи иттилои полис, гурӯҳи фаврӣ ва неруҳои махсус ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, амалиёт анҷом доданд.

Зимни гузаронидани чораҳои апперативӣ маълум шуд, ки гаравгон як зан буда, қаблан бо гурӯҳи гумонбар шинос будааст.

Гумонбарон дар баробари амали анҷомдодаи худ ҳеҷ талаб пеш нагузоштаанд. Пас аз се соати музокира ва саркашии гумонбарон аз талаби иҷрои раҳоии гаравгонон, инчунин, баъди омодагии ҳамаҷонибаи неруҳо тасмим гирифта шуд, ки амалиёти низомӣ гузаронида шавад.

Дар вақти азназаргузаронии ҷои ҳодиса, волидайни пири ин зан дар таҳхонаи бино бо захмҳои корд пайдо шуданд. Мутассифона, яке аз ҷабрдидагон бо захмҳои корд дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, як нафари дигар дар вақти интиқол ба бемористон ҷон дод.

Полиси минтақаи зикршуда хабар дод, ки пизишкон ба ҷабрдидаи севум тамоми кумакҳои тиббии заруриро мерасонанд.

Нисбати ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.