Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Туркия аз ҷиҳати масрафи чой дар ҷойи якум меистад
Чой аз ҷумлаи нӯшиданиҳост, ки дар бархе кишварҳои ҷаҳон мардум аз он бештар истифода мекунанд. Мардуми кишварҳои Шарқи Миёна, бахусус, Туркия, Эрон Арабистони Саудӣ аз ҷумлаи кишварҳое мебошанд, ки мардумаш бештар чой менӯшанд.
Хабаргузории “Исно” – и Ҷумҳурии Исломии Эрон инфографикаеро нашр кард, ки бар асоси он рейтинги бистгонаи масрафкунандагони чой дар кишварҳои ҷаҳон машаххас шудааст.
Тибқи арзёбии ин рейтинг Туркия дар ҷойи аввал қарор дорад.
Ирландия дувумин кишвари истеъмолкунандаи чой мебошад. Ҳамин тариқ, севумин кишвар аз назари истеъмоли чой Англия буда ва чорумин кишвар Покистон мебошад. Эрон аз ҷиҳати истеъмоли чой дар ҷойи панҷум қарор гирифтааст.
Тибқи раддабандии инфографика, Русия шашумин, Марокаш, ҳафтумин, Зеландияи нав ҳаштумин, Чилӣ нуҳумин, Миср даҳумин кишвари истеъмолкунандаи чой ба ҳисоб меоянд.
Бар асоси инфографика Лаҳистон ёздаҳумин, Ҷопон дувоздаҳумин, Арабистони Саудӣ сенздаҳумин, Африқои Ҷанубӣ чордаҳумин ва Голандия понздаҳумин кишварҳое ба ҳисоб мераванд, ки дар он ҷо чой бештар масраф мегардад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”