Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Аврупо лоиҳаи пайвастани Арманистон ба Иттиҳоди Аврупоро баррасӣ мекунад
Иттиҳоди Аврупо эълон кард, ки лоиҳаи пешниҳодии Арманистон дар робита ба узвияти ин кишвар ба Созмони Иттиҳоди Аврупоро баррасӣ хоҳад кард.
Анитта Хиппер, сухангӯйи Иттиҳоди Аврупо таъкид намуд, ки лоиҳаи пайвастани Арманистон ба Иттиҳоди Аврупоро таҳлил ва баррасӣ намуда, онро бо Ереван баҳс хоҳанд кард.
Ёдовар мешавем, ки Арманистон чанд рӯз қабл лоиҳаи пайвастани Арманистон ба Иттиҳоди Аврупоро тасвиб кард. Баъди тасвиб он дар парлумони Арманистон мавриди муҳокима қарор хоҳад гирифт.
Иттиҳоди Аврупо чанде қабл ваъда дода буд, ки кумакҳои молии худро ба Арманистон ба маблағи 270 миллион евро барои солҳои 2024-2027 бо ҳадафи тақвияти рушди иқтисодиву иҷтимоии Арманистон ироа хоҳад кард.
Арманистон пас аз шикаст аз Озорбойҷон рӯ ба сӯйи Иттиҳоди Аврупо овард. Ин кишвар дар тозатарин иқдом узвияти худ дар СААД-ро боз дошт.
Хоҳиши пайвастани Арманистон ба Иттиҳоди Аврупо дар ҳолест, ки Украина бо чунин ният гирифтори ҷангҳои тӯлонӣ бо Федератсияи Русия шуд. Гурҷистон, ки солҳо қабл лоиҳаи пайвастан ба Иттиҳоди Аврупоро имзо карда буд, ҳоло онро барои як муддати номаълум боз доштааст. Ҳукумати ҷадиди Гуҷистон эълон кард, ки лоиҳаи пайвастани Гурҷистон ба Иттиҳоди Аврупо барои як муддати муайян боз дошта мешавад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”