Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон Ситоди мубориза бар малах таъсис дода мешавад
Дар вилояти Хатлон ҷалсаи ситоди корӣ оид ба мубориза бар малах доир гашт. Дар ин хусус Хадамоти матбуоти Раиси вилоят хабар медиҳад.
Дар ҷаласа раисони шаҳру ноҳияҳои Кӯшониён, Левакант, Вахш, Панҷ, Хуросон, Қубодиён, Абдураҳмони Ҷомӣ, Данғара, Фархор, Ҷалолиддини Балхӣ, Ҷайҳун, Ҳамадонӣ, Ёвон, Шаҳртӯс, Дӯстӣ, Носири Хусрав ва Темурмалик иштирок намуда, дар хусуси тадбирҳои мубориза бар малах суханронӣ намуданд.
Дар ҷаласа зикр гардид, ки имсол низ эҳтимоли паҳн шудани малах вуҷуд дорад. Бинобар ин, зарур аст, ки аз ҳоло барои нест кардани ин ҳашароти зараррасон чораҳои зарурӣ андешида шавад.
Раиси вилоят Давлаталӣ Саид ба масъулон супориш дод, ки бо мақсади омодагӣ ба мубориза бар малах, сари вақт гузаронидани чорабиниҳо ва дар ин замина, муҳофизати майдонҳои кишти зироати кишоварзӣ, чарогоҳҳо ва ҷангалзор аз ҳуҷуми малахи марокашӣ ва ҳалли мушкилоту камбудиҳои дар самти мубориза бо малағ чораҳои зарурӣ андешида шавад.
Дар вилоят Ситоди мубоиза бар малах амал мекунад. Таъкид шуд, ки ҳамчунин, дар шаҳру ноҳияҳои осебпазир Ситоди мубоиза бар малах таъсис дода шавад.
Дар ҷаласа ба роҳбарони филиалҳои Муассисаҳои давлатии “Экспедитсияи мубориза бар зидди малах” супориш дода шуд, ки дар муддати кӯтоҳ мушоҳидаҳои зимистониро оид ба муайян намудани макони тухмгузаронии малах иҷро карда, дар шаҳру ноҳияҳо харитаҳои маконҳоро маълум созанд ва корҳои техникӣ гузаронанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”