Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Леонид Ложечко: Сафари Пизишкиён ба Маскав тиҷорати Эрон ва Русияро рушд медиҳад
Раиси Шурои тиҷорати Русия ва Эрон Леонид Ложечко гуфт, ки сафари президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Федератсияи Русия, ки дар ҳафтаҳои оянда сурат мегирад, заминаи ҳамкориҳои густурдаи тиҷоратӣ ва иқтисодиро фароҳам намуда, боиси рушди ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ миёни ду кишвар хоҳад шуд.
Леонид Ложечко дар суҳбат бо ВАО гуфт, ки дар остонаи сафари Масъуд Пизишкиён дар бархе шаҳрҳои Русия намоишгоҳҳои муштараки иқтисодии Эрон ва Русия баргузор хоҳад шуд. Ӯ аз ширкатҳои русӣ даъват кард, ки барои огоҳ шудан аз саноат ва тавлидоти Эрон дар намоишгоҳҳои мазкур ширкат намоянд.
Раиси Шурои тиҷорати Русия ва Эрон таъкид кард, ки дар соли 2025 қарордоди тиҷорати озод миёни Эрон ва панҷ кишвари Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё имзо хоҳад шуд, ки он заминаи рушди босуръати тиҷорат ва муомилоти тиҷоратӣ миёни Эрон ва Русияро фароҳам хоҳад кард.
“Амалӣ шудани қарордоди тиҷорати озод байни панҷ кишвари узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ва Ҷумҳурии Исломии Эрон дар соли 2025-и мелодӣ низ яке аз қадамҳои навидбахши рушди тиҷорати Теҳрон ва Маскав бо дигар кишварҳои узв аст” – таъкид кардааст Леонид Ложечко.
Ёдовар мешавем, ки Масъуд Пизишкиён пас аз сафар ба Душанбе мустақиман ба Русия хоҳад рафт. Дар ин сафар президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон бо президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқот намуда, муносибатҳои дуҷонибаи ду кишварро баррасӣ хоҳад кард. Бархе ВАО навиштанд, ки дар ин сафар Масъуд Пизишкиён бо Русия аҳдномаи роҳбурдӣ имзо хоҳад кард. Ин санад дар замони Иброҳим Раисӣ, президенти собиқи Эрон таҳия шуд ва қарор буд дар соли 2024 ба имзо расад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”