27 Сентябр 2026,
якшанбе, 21:29, Душанбе
09.01.2025 10:18

Коршиноси амрикоӣ: Украина бидуни кумаки Амрико дар 24 соат шикаст мехӯрад

Коршиноси амрикоӣ дар нашрияи “Атлантик” бо чопи мақолае таъкид кардааст, ки агар ҳимоятҳои сиёсиву низомии Амрико қатъ шавад, Украина дар муддати 12 то 18 моҳ дар ҷанг бо Русия шикаст хоҳад хӯрд.

Роберт Каган, таҳлилгари сиёсии амрикоӣ шарҳ додааст, ки Киев бидуни кумакҳои низомии Вашингтон аз Маскав шикаст мехӯрад. Ба гуфти ӯ шикасти Киев шикасти Амрико хоҳад буд.

Коршиноси амрикоӣ бовар дорад, ки Украина бо як шикасти комил ва ҳамчунин, аз даст додани ҳокимият рӯ ба рӯ мешавад, ки ин метавонад як мушкили бузург барои ҳукумати Доналд Трамп бошад.

“Ҷей Девид Венс, муовини Доналд Трамп пештар гуфта буд, ки барои ӯ муҳим нест, ки чӣ ҳодиса барои Украина рух медиҳад. Бинобар ин, агар ба зудӣ кумаки ҷадиде аз сӯйи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сурат нагирад, Украина суқут хоҳад кард”- таъкид кардааст коршиноси амрикоӣ.

Роберт Каган афзудааст, ки Амрико ё омодаи шикасти стратегӣ ва таҳқиромез дар саҳнаи ҷаҳонӣ бошад ва ё бо ду баробар кардани кумакҳои амрикоӣ аз Киев то вақте ки лозим аст, ҳимоят кунад. Ин ду интихоб дар пешорӯи ҳукумати Доналд Трамп қарор дорад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.