Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Покистон тоҷик ва ӯзбекҳоро бар алайҳи Толибон муттаҳид мекунад
Мақоми покистонӣ дар пасманзари сафари раиси Созмони иттилооти Покистон ба Тоҷикистон иброз кард, ки Покистон аз тоҷик ва ӯзбекҳо бар алайҳи гурӯҳи террористии Толибон ҳимоят хоҳад кард.
Наҷам Сетҳӣ, собиқ вазири вилояти Панҷоби Покистон дар суҳбат бо ВАО таъкид намуд, сиёсати нави ҳукумати Покистон ҳимоят аз тоҷик ва ӯзбекҳо бар алайҳи гурӯҳи террористии Толибон хоҳад буд. Ӯ таъкид намуд, ки сафари ахири раиси Созмони иттилооти Покистон ба Тоҷикистон ба хотири эҷоди робита ва ҳимоят аз ҷабҳаи муқовимат бар зидди Толибон буд.
Вазири собиқи вилояти Панҷоби Покистон гуфт, ки барои нахустин бор Покистон сиёсати рӯшан дар муқобили Афғонистон пеш гирифтааст ва ин яке аз ибтикороти раиси нави Созмони иттилооти Покистон аст. Вай бо ёд намудан аз корномаи Аҳмадшоҳ Масъуд ва Абдуррашид Дӯстум таъкид кард, ки дар Афғонистон ҷанги қудрат дар миёни тоҷику ӯзбекҳо ҳамеша бо паштунҳо будааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”