Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Сергей Безруков гуфт, ки дар Тошканд муҷассамаи Есенин гузошта мешавад
Ҳунарманди мардумии Русия Сергей Безруков гуфт, ки лоиҳаи бунёд ва гузоштани муҷассамаи шоири бузурги рус Сергей Есенин дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон амалӣ мешавад.
Сергей Безруков дар суҳбат бо академик Элдар Юлдошев хабар дод, ки бо сарпарастӣ ва маблағгузории Русия лоиҳаи бунёд ва гузоштани муҷассамаи Сергей Есенин дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон иҷро хоҳад шуд.
Ҳунарпешаи рус таъкид кард, ки муҷассама дар Академияи наққошӣ, муҷассамасозӣ ва меъмории Русия сохта мешавад ва Иля Глазунова масъули иҷрогари он хоҳад буд. Ҳунарпешаи рус таъкид мекунад, муҷассама хусусиятҳои фазои миллии Ӯзбекистонро инъикос хоҳад кард, ки он бо назардошти манзараҳои табиати Тошканд тарҳрезӣ шуда, як ҷузъи он хоҳад гашт.
Ба гуфти Сергей Безруков иқдоми бунёди муҷассамаи Сергей Есенин боиси таҳкими равобити фарҳангии Русия ва Ӯзбекистон гашта ва бунёди он барои абадӣ гардонидани хотираи шоири бузурги рус нигаронида шудааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”