Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Ҳушдори КҲФ аз лағзиши тарма ва резиши сангу рег дар рӯзҳои оянда
Гарм шудани ҳаво ва ҳарорати аз сифр боло метавонад дар рӯзҳои оянда сабаби лағзиши тарма, резиши сангу рег дар роҳҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳӣ шавад. Бо ин сабаб, сокинон бояд ҳангоми ҳаракат дар роҳҳо эҳтиёткор бошанд. Фароманди туман низ дар назар дошта шудааст. Кумитаи ҳолатҳои фақулодаи Тоҷикистон бо нашри чунин хабар ба шаҳрвандон, ронангон ва мусофирон ҳушдор додааст.
Вобаста ба арзёбӣ ва пешгӯии обу ҳаво Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон ба ронандагону мусофирон ва сокинон ҳушдор додааст: “Ба хотири ҷилавгирӣ аз садамаҳои нақлиётӣ дар роҳҳо ба ронандагон хотиррасон мекунем, ки то ҳадди имкон эҳтиёткор бошанд, қоидаҳои ҳаракатро риоя намоянд, суръати ҳаракатро боло набаранд ва фосилаи байни мошинҳоро риоя намоянд”.
Кумита ба ронандагон тавсия додааст, ки қабл аз сафар омодагии мошинҳоро бисанҷанд, чархҳои тобистонаро бо зимистона иваз кунанд. Талош кунанд, мошинашон бо доруқуттии пур аз доруҳои зарурӣ таъмин бошад.
Ҳушдори Кумита дар ҳолест, ки бар асоси пешгӯии обуҳаво имсол дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво дар моҳи январ нисбат ба соли гузашта гарм меояд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”