Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Қазоқистон ва Ӯзбекистон роҳи оҳани нав месозанд
Сохтмони хати роҳи оҳани нав миёни Қазоқистон ва Ӯзбекистон оғоз гардид, ки бояд соли 2027 ба анҷом расад. Дар ин хусус Хадамоти матбуоти Роҳи оҳани Қазоқистон хабар медиҳад.
Роҳи оҳани нав имкони боркашонӣ аз роҳи Сариагаш-Тошкандро фароҳам мекунад, ки он ҳамчунин, тамбашавӣ дар истгоҳи Сариагашро коҳиш медиҳад.
Маблағи сохтамони роҳи оҳани нав 545,8 миллион доллар буда, айни замон 100 километри роҳ релсгузорӣ шудааст. Дарозии роҳи оҳан 203 километр аст, ки тақрибан дар 100 километри он корҳои релсрезӣ ва релсгузорӣ анҷом дода шудааст.
Ҳамчунин, сохтмони қисмати роҳи Дарбаза-Мактаарал, ки 152 километр тӯл дорад, оғоз шудааст. Дар ин қисмат 46 таҷҳизоти роҳсозӣ ва беш аз 70 мутахассис машғули кор ҳастанд.
Лоиҳаи роҳи мазкур бо пуштибонии президенти Қазоқистон Қосим Жомарт-Токаев сохта мешавад ва ҳадафи он рушди ҳамлу нақл ва транзити ин кишвар аст. Ҳамчунин, ба унвони лоиҳаи сохту соз як истгоҳи бозрасии нав низ дар марзи давлатии Қазоқистон ва Ӯзбкистон ифтитоҳ хоҳад шуд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”