Эрон: гузоришҳои расонаҳои Ғарб дар бораи музокирот бо Амрико дурӯғанд
Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”
Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод
Карлос Пратес: "То чемпион нашавам, намемирам"
Дар Данғара корхонаи маҳсулоти сохтмонӣ-ороишӣ сохта мешавад
Корхонаи истеҳсолии маҳсулоти сохтмонӣ-ороишӣ (кошин) дар минтақаи озоди иқтисодиии Данғара сохта мешавад. Дар ин хусус, бахши матбуоти МИҲД вилояти Хатлон хабар додааст.
Дар доираи сохтмони корхонаи зикршуда, чанде қабл вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ширкати “Tilemaster investment Limited” ба имзо расониданд.
Дар шарҳи тасвиби ин санад, таъкид гардид, ки ҳадафи иҷро намудани он ҷалби сармоягузории мустақими хориҷӣ барои истеҳсоли маҳсулоти нави воридотивазкунанда, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва татбиқи ҳадафҳои стретегии мамлакат дар самти саноатикунонии босуръат мебошад.
Бар асоси созишнома, ҳаҷми сармоягузорӣ барои сохтмони корхонаи мазкур 50 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад ва он дар муҳлати якуним сол сохта мешавад. Иқтидори истеҳсолии корхона дар як сол 12 миллиону 360 ҳазор метри мураббаъ кошин дар як сол мебошад.
Ба фаъолият оғоз намудани корхона имкон медиҳад, ки дар он 500 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва 1000 нафар бо ҷойи кори ғайримустақим (сохтмон, таъминоти ашёи хом ва боркашонии маҳсулоти ниҳоӣ) таъмин шаванд. Дар марҳилаи аввали корҳои сохтмонӣ 80 фоизи коргаронро шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил хоҳанд дод.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”