Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Сарвазири Норвегия аз дахолати Илон Моск ба корҳои дохилии дигар кишварҳо нигарон аст
Сарвазири Норвегия Йонас Гар Стёре гуфт, ки изҳори назари Илон Моск доир ба масъалаҳои дохилии кишварҳо, дахолати мустақим ба корҳои дохилии онҳо ба ҳисоб меравад.
Илон Моск дар изҳороти нави худ аз подшоҳи Англия хост, ки парлумони ин кишварро пароканда кунад ва аз раиси Ҳизби коргари Англия талаб намуд, ба истеъфо равад. Вай нисбат ба сиёсати дохилии кишвари Норвегия низ изҳор назар кард.
Сарвазири Норвегия ба изҳороти Илон Моск гуфт: “Ин нигаронкунанда аст, ки Илон Моск ба таври мустақим худро даргири масъалаҳои сиёсии дохилии кишварҳои хориҷ аз Амрико мекунад.»
Сарвазири Норвегия афзуд, барояш нигаронкунанда мебошад, зеро шахсе, ки дастрасии бисёр ба шабакаҳои иҷтимоӣ ва сарчашмаҳои молӣ дорад, худро даргири корҳои дохилии дигар кишварҳо менамояд.
“Чунончи Моск қарор аст дар сиёсати Норвегия дахолат кунад, сиёсатмадорони амрикоӣ бояд ҳама аз чунин талошҳо фосила гиранд” – зикр кард сарвазири Норвегия.
Қобили ёдоварӣ аст, ки Илон Моск яке аз чеҳраҳои наздик ба Доналд Трамп дар интихоботи президентии соли 2024 дар Амрико буд. Вай аз номзадии Доналд Трамп пуштибонӣ намуда, баъди пирӯзии ӯ дар интихобот ба фаъолиятҳои сиёсӣ пардохт. Илон Моск дар аввалин иқдомҳои худ пас аз интихоб шудани Доналд Трамп ба ҳалли муноқишаи Укрина ва Русия машғул шуд. Вай таъкид кард, ки барои барқарор намудани сулҳ ва оташбас бо Владимир Путин, президенти Федератсияи Русия гуфтугӯ мекунад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”