Иттиҳоди Аврупо барои Украина 45 миллиард евро кумак ҷудо мекунад
Нархи барқу газ дар Британия то 26 дарсад боло меравад
Ҳамлаҳои ҷадиди паҳподии Украина ба манотиқи Русия: беш аз 145 паҳпод сарнагун ва як нафар кушта шудааст
Чин аз ҳаққи мардуми Фаластин пуштибонӣ мекунад: Си Ҷинпин ишғоли сарзамин ва нақзи ҳуқуқи фаластиниҳоро маҳкум кард
Қазоқистон мехоҳад, ки барои ҳалли ҷанг миёни Русия ва Украина миёнаравӣ кунад
Президенти Қазоқистон Қосим Жомарт-Токаев дар суҳбат бо рӯзномаи “Ана тилӣ”-и чопи Қазоқистон пешниҳод кард, ки омадааст барои ҳалли муноқиша миёни Русия ва Украина миёнарав шавад.
Президенти Қазоқистон дар ин суҳбат таъкид карда, ки Русия шикастнопазир аст ва Украина бо кумаки муттаҳидони ғарбии худ бар зидди ин кишвар меҷангад. Ӯ афзуда, ки барои барқарор намудани оташбас ва сулҳ миёни Русия ва Украина омода аст, миёнарав шавад.
“Аз замони ҷанг Қазоқистон алоқаманд ба анҷоми музокирот барои дастёбӣ ба сулҳ буд. Аммо таъкид дорам, ки мо ҳеч куҷо бар миёнаравӣ пофишорӣ надоштаем. Дар арсаи байналмилалӣ бо таваҷҷуҳ ба зарфият ва имконоти Қазоқистон амал мекунем. Мо ҳамвора омодаем, ки барои ҳалли мушкилоти байналмилалӣ кумак кунем” – таъкид намуд президенти Қазоқистон.
Қосим Жомарт-Токаев таъкид кард, ки зимни суҳбат бо президенти Амрико Доналд Трамп оид ба масъалаи ҳалли муноқишаи Украина гуфтугӯ намуда, ба поён додани ҷанг таъкид кардааст.
Президенти Қазоқистон таъкид намуд, ки масъалаи ҳалли муноқишаи Украина “бисёр печида” аст ва он ба иродаи роҳбарони кишварҳо, бахусус президенти Амрико Доналд Трамп вобаста мебошад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад