Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Бобокалони Исомат, олими шинохтаи тоҷик дар синни 85-солагӣ аз олам даргузашт
Дирӯз профессор Бобокалони Исомат муаллифи китобҳои бунёдии соҳаи иқтисод, ба монанди “Назарияи иқтисод”, устоди даҳҳо нафар иқтисодшиносони кишвар ва яке аз бунёдгузорони фанни иқтисод дар Тоҷикистон аз олам даргузашт. Дар ин бора наздикони ин олими шинохтаи кишвар хабар доданд.
Гуфта мешавад, ки маросими ҷанозаи марҳум имрӯз соати 13:00 дар масҷиди Аминҷон (кӯчаи 50-солагии Тоҷикистон) баргузор мегардад.
Бобокалони Исомат солҳои зиёд дар соҳаи таълиму тадрис заҳмат кашида, аз худ зиёда аз 300 маводи илмӣ, илмию методӣ ва таълимӣ ба ёдгор гузоштааст. Солҳои зиёд аст, ки китобҳои ӯ дар мактабҳои олии кишвар ба сифати китоби дарсӣ, ба монанди “Назарияи иқтисод” (дар се ҷилд) оид ба масъалаҳои намоёнтарини назарияи иқтисод, мавриди истифода қарор доранд.
Бобокалони Исомат дар шаклгирии афкори иқтисодии тоҷикон нақши муҳим доштааст, ки ин нуктаро таҳлилгарон ва устодони соҳаи иқтисоди кишвар борҳо таъкид кардаанд. Ӯ оид ба афкори иқтисодии ниёгон, аз ҷумла ақидаҳои фалсафию иқтисодии Закариёи Розӣ, Абунасри Форобӣ, Муҳаммад Ғаззолӣ, Насируддини Тусӣ, Абуалӣ ибни Сино, Ибни Халдун ва қатор нависандагони муосири тоҷик яксилсила маводҳои илмӣ таълиф намудааст.
Бобокалони Исомат соли 1940 дар деҳаи Пунғази ноҳияи Ашт дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Ӯ хатмкардаи факултаи иқтисодии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) дар соли 1964 буда, солҳои 1967-1968 дар аспирантураи Донишгоҳи давлатии Санкт -Петербурги Федератсияи Русия таҳсил намудааст. Бобокалони Исомат соли 1973 рисолаи номзадии худро дифоъ намуда, баъдан таи солҳои зиёд дар кафедраи иқтисоди сиёсии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дар вазифаҳои ассистент, устоди калон, дотсент ва баъдан ба ҳайси ноиби декани факултаи иқтисодӣ, декани факултаи иқтисодӣ-молиявии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон кор кардааст. Ӯ таи солҳои охир дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон низ фаъолият намудааст.
Аҳли эҷоди сомонаи Dialog.tj ба аҳли пайвандону наздикони ин олими барҷастаи тоҷик ҳамдардии амиқ баён намуда, изҳори тасаллият менамояд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”