27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:44, Душанбе
09.12.2024 14:57

ВАО-И РУСӢ : БАШОР АСАД ВА ХОНАВОДААШ ДАР РУСИЯ ҲАСТАНД

Башор Асад ва хонаводааш пас аз поёни ҳукумати 25-сола аз Сурия ба шаҳри Маскави Федератсияи Русия рафтаанд. Дар ин хусус ВАО –и русӣ хабар медиҳанд.

Шабакаи телевизиони расмии Русия ба қавл аз мақомоти расмии ин кишвар хабар дод, ки Русия ба Башор Асад ва хонаводааш ба далелҳои башардӯстона ҳуқуқи паноҳандагӣ дод. 

Қабл аз тасдиқи ҳузури Башор Асад дар Русия дар бораи ӯ хабарҳои мухталиф нашр шуд. Бархе ВАО таъкид намуда буданд, ки ӯ ба Имороти Муттаҳидаи Арабӣ рафтааст. Иттилои дигар дар мавриди фирори ӯ ба Эрон низ нашр шуд. “Рейтерз” дар бораи суқути ҳавопаймои ӯ ва кушта шуданаш бо такя ба манбаъҳояш хабар нашр кард. Вале дар ниҳоят маълум шуд, ки Башор Асад шаби шанбе бо як ҳавопаймо аз Сурия хориҷ шуда, ба Федератсияи Русия рафтааст.

Михаил Улянов, намояндаи Русия дар Созмони Милали Муттаҳид хабари ворид шудани Башор Асад ба Русияро тасдиқ кард.

“Русия дар шароити сахт ба дӯстони худ хиёнат намекунад. Ин тафовут байни Русия ва Амрико аст” – гуфтааст Михаил Улянов.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.