Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Воридоти меваи Эрон ба Қирғизистон ду баробар афзоиш ёфт
Кумитаи омори Қирғизистон эълон кард, ки воридоти мева имсол аз Эрон ба Қирғизистон ду баробар афзоиш ёфтааст.
Омори ин кишвар нишон медиҳад, ки воридоти мева нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2000 тонна, ба маблағи 746 ҳазор доллар бештар аст.
Кумитаи омори Қирғизистон гузориш медиҳад, ки баъди Эрон аз ҳама бештар Ӯзбекистон ба Қирғизистон мева ворид кардааст. Ҳамчунин, таъкид мешавад, ки воридоти ангур аз Қазоқистон ва Чин ба ин кишвар 24 фоиз қоҳиш ёфтааст.
Таҳлилҳои ВАО-и Қирғизистон нишон медиҳанд, ки дар гузашта ин кишвар яке аз бозорҳои асосии меваи Тоҷикистон будааст.
Бояд гуфт, ки дар пайи ҷангҳои мусаллаҳи марзӣ муносибатҳои тиҷоратӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон коҳиш ёфт. Қирғизистон барои пур кардани бозори дохилӣ ба дигар кишварҳо рӯ овард. Ҳоло Эрон дар заминаи воридоти мева дар ин кишвар мақоми хос дорад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”