27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:50, Душанбе
07.12.2024 11:09

Дархост аз Эмомалӣ Раҳмон: “Аз ихроҷи афғонистониҳои муқими Тоҷикистон пешгирӣ кунед”

Фаъолони ҳуқуқи башар ва намояндагони муҳоҷирони Афғонистон бо ирсоли як нома аз президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон хостаанд, ки пеши роҳи боздошт ва ихроҷи паноҳҷӯёни афғонистонӣ, бахусус хонаводаҳои онҳо, низомиёни пешин ва шахсони дар хатар бударо, бигирад.

Нависандагони нома таъкид кардаанд, ки ирсоли нома ҷалб намудани таваҷҷуҳи Эмомалӣ Раҳмон ба вазъияти бади муҳоҷирони Афғонистон аст ва мехоҳанд ба ҳамин тариқ, аз ихроҷ ва боздошти онҳо пешгирӣ шавад.

“Гузоришҳо нишон медиҳанд, ки боздошт ва ихроҷи гурӯҳе аз шаҳрвандони Афғонистон, бахусус дар шаҳри Ваҳдат нигарониҳоеро эҷод кардааст. Миёни ин афрод хонаводаҳои шомили занону кӯдакон, низомиёни пешин ва афроде, ки дар Афғонистон зери таҳдиди ҷонӣ қарор доранд, ҳузур доранд. Ин шароит на танҳо паёмадҳои инсонии амиқе дар пай дорад, балки хилофи тааҳҳудоти ҳуқуқи байналмилалии Тоҷикистон низ аст” –зикр шудааст дар нома.

Онҳо аз президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хостаанд, ки бо тадбири хоса ва инсонӣ аз идомаи иқдомҳои зикршуда пешгирӣ намояд. Дар бахши дигари нома зикр мешавад, ки “Тоҷикистон ба унвони узви Конвенсияи соли 1951-и Женева ва протоколи 1967 ба ҳимоят аз ҳуқуқи паноҳҷӯён ва пешгирӣ аз бозгашти иҷбории онон ба минтақаҳое, ки ҷон ё ҳуқуқи инсониашон дар хатар бошад уҳдадор аст.”

Дар Тоҷикистон паноҳҷӯёни зиёди афғонистонӣ зиндагӣ мекунанд. Аз замони ба қудрат расидани ҳаракати террористии Толибон Тоҷикистон шумори зиёди паноҳҷӯёнро пазируфт. Онҳо асосан дар шаҳри Ваҳдат, дар канори шаҳри Душанбе ба сар мебаранд. Паҳноҳҷӯёни афғонистониро солҳои ахир бархе кишварҳо ба ватанашон бармегардонанд. Туркия, Олмон, Эрон аз ҷумлаи кишварҳое ҳастанд, ки шумори зиёди муҳоҷирони афғонистониро ба кишварашон баргардониданд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.