27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:08, Душанбе
07.12.2024 09:57

Аксари шаҳрҳои Сурия ба тасарруфи мухолифон дароманданд. Башор Асад ба Эрон рафт

Гурӯҳҳои мусаллаҳи мухолифи режими Башор Асад тайи ду рӯзи ахир шаҳрҳои Ҳумс, Ҳамо ва Даръоро, ки ба пойтахти Сурия шаҳри Димишқ бисёр наздик аст, тасарруф намуданд.

Шаби рӯзи 6-уми декабр воситаҳои ахбори омма хабар доданд, ки неруҳои мусаллаҳи мухолифи Башор Асад ба 5 километрии пойтахти Сурия наздик шуданд. Роҳбари гурӯҳи мусаллаҳ, ки зери номи “Таҳрир-аш-шом” дар пайи фурӯ пошонидани низоми ҳукумати Башор Асад ҳаст, дар суҳбат бо расонаи амрикоӣ гуфтааст, дар пайи эҷоди ҳукумати фарогир дар Сурия мебошад. Абдуллоҳ Ҷулонӣ, ки қаблан аз ӯ ба унвони террорист ном бурда мешуд, дар тозатарин изҳороти худ гуфтааст, ҳадафаш танҳо ташкили ҳукумат дар Сурия мебошад.

Тибқи гузориши ВАО Федератсияи Русия ҳамаи неруҳои низомиашро аз хоки Сурия хориҷ кардааст. Сафорати Русия дар Сурия аз шаҳрвандонаш хост, ки бо сабаби ноором шудани вазъият ин кишварро тарк кунанд. Бандари Тартус, ки дар он неруҳои баҳрии Русия мавқеъ доштанд, холӣ гардидааст. Русия киштиҳои ҷангиашро аз ин бандар берун бурдааст.

Ҳамчунин, дар иртибот бар Сурия хабарҳо мерасад, ки неруҳои низомии Эрон низ аз Сурия ақибнишинӣ карда, вориди хоки Ироқ шудаанд. Сайид Аббос Ироқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон таъкид кард, ки ҳар чӣ Худо бихоҳад, сарнавишти Башор Асад ҳамон хоҳад шуд.

ВАО хабар дод, ки хонаводаи Башор Асад аз Сурия хориҷ шудааст. Тибқи гузоришҳо Башор Асад вориди Теҳрон гардидааст.

Раҷаб Тайиб Эрдуғон, президенти Туркия, ки ҳомии аслии гурӯҳҳои мусаллаҳи мухолифи Башор Асад аст, зимни эроди як паёми гуфт, ҳадафи аслии гурӯҳҳои мухолифи Башор Асад тасарруфи пойтахт аст.

Мақомоти исроилӣ аз фурӯ пошидани низоми Башор Асад шигифтзада шудаанд. Рӯзи 6-уми декабр нишасти амниятии ҳукумати Исроил баргузор шуд, ки дар асоси он ин кишвар худро барои фурӯпошии низоми Башор Асад омода мекунад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.