Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Зани ӯзбекистонӣ ба феҳристи “100-зан” –и устувори “Би-би-сӣ” ворид шуд
Соҳибкор Дилором Юлдошева ба рӯйхати “100 зан” дар соли 2024 ҳамчун рамзи устуворӣ шомил гардид.
Лоиҳаи интихоби занон, ки аз сӯйи радиотелевизиони “Би-би-сӣ” роҳандозӣ шудааст, имсол 100 занро интихоб намуд, ки қобилияти зуд барқарор кардани қувваи ҷисмонӣ ва рӯҳӣ доранд. Лоиҳа занонеро дар саросари ҷаҳон интихоб кардааст, ки бо устувории худ, сарфи назар аз тағйирот, дар атрофи худ ҳаёти нав эҷод мекунанд.
Дилором Юлдошева, ки дӯзанда аст, имсол аз ноҳияи Деҳнави Сурхандарёи Ӯзбекистон ба ин рӯйхат шомил шудааст. Дилором Юлдошева ду сол қабл дар натиҷаи садама ду пояшро аз даст дода буд. Ин ҳодиса ӯро руҳафтода накард ва ӯ ба фаъолияташ идома дод. Дилором Юлдошева бо роҳандозии корхонаи дӯзандагӣ ҳамчун рамзи устуворӣ дар ҷамъият мақоми худро пайдо кард.
“Ӯ мехост, ки чизи навро омӯзад ва ҳамчунин, ба духтарони ҷавони ӯзбек барои дарёфти ризқу рӯзӣ кумак кунад. Аз ин рӯ, тасмим гирифт, ки корхонаи дӯзандагии худро кушояд. Пас аз омӯхтани асосҳои соҳибкорӣ ва идоракунии захираҳо, вай ба беш аз 40 зан дарси дӯзандагӣ додааст”- омадааст дар гузориши “Би-би-сӣ”.
Дилором Юлдошева дар лоиҳаи иҷтимоию ҳуқуқии “Имкон” –и Вазорати адлияи Ӯзбекистон иштирок намуда, дар доираи он донишу малакаи худро дар соҳаи дӯзандагӣ афзоиш додааст ва бо истифода аз имтиёзҳои муқарраршуда коргоҳи дӯзандагии худро ташкил дод.
Ин зани ӯзбекистонӣ, ки баъди садама корхонаи дӯзандагӣ боз кардааст, ҳамчун рамзи устворӣ дар қатори 100 зани муваффақ дар гузориши “Би-би-сӣ” интихоб шудааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”