27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:49, Душанбе
06.12.2024 11:49

Дар Қазоқистон аз 4 амали террористӣ пешгирӣ кардаанд

Мақомоти амниятии Қазоқистон бо пешниҳоди ҳисоботи солона ба президент таъкид кардаанд, ки дар давоми соли 2024 аз 4 амали террористӣ пешгирӣ намудаанд.

Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев ҳисоботи солонаи раиси Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон Ермек Сагимбоевро шунид. Ермек Сагимбоев зимни ироаи ҳисобот ба президент таъкид кард, ки ниҳоди зикршуда, аз чор амалӣ террористӣ пешгирӣ кардааст ва 84 нафар ба гумони даст доштан дар терроризм ва ифротгароӣ гунаҳкор дониста шудаанд. Ҳамчунин, 44 нафар ба иттиҳоми террозим ва ифротгарӣ боздошт шудаанд.

Ӯ таъкид карда, ки 6 нафар қазоқистонӣ ба гумони содир намудани ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ дар ҷустуҷӯ қарор доштанд, ки онҳо аз Сурия ва Туркия ба ватан истирдод шуданд ва 2 нафарашон ҷазо гирифтанд. Раиси Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон таъкид намуда, ки 824 шаҳрванди хориҷӣ, ки ба ҷиноятҳои терроризму ифротгароӣ машғул буданд, аз ворид шуданашон ба Қазоқистон пешгирӣ карда шуд.

Президенти Қазоқистон зимни шунидани ҳисоботи раиси Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон Ермек Сагимбоев таъкид намуд, ки мақомоти корҳои дохили ин кишвар дар ҳамкорӣ бо дигар сохторҳои интизомӣ 19 гурӯҳи муташаккили ҷиноиро безарар гардониданд ва 60 нафарро боздошт намуданд. Таъкид шуд, ки  505 силоҳи оташфишон, 5 маводи тарканда, 45 бастаи маводи тарканда ва 15046 таҷҳизоти ҷангӣ мусодира карда шуд.

Дар ҳисобот ҳамчунин таъкид карда шуд, ки 33 лабораторияи истеҳсоли доруҳо, 35 канали байналмилалӣ ва 31 канали минтақавии интиқоли онҳо кашф ва барҳам дода шуд. Аз муомилоти ғайриқонунии 3,2 тонна маводи нашъадор, моддаҳои психотропӣ, 4,5 тонна кӯкнор, инчунин, 18,8 прекурсорҳо пешгирӣ ва мусодира гардид. 162 нафар барои муомилаи ғайриқонунии маводи мухаддир маҳкум шуданд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.