Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Пашинян гуфт Араманистон аз узвияти СААД хориҷ мешавад
Никол Пашинян, сарвазири Арманистон рӯзи 4-уми декабр зимни суханронӣ дар палумони ин кишвар гуфт, ки Арманистон худро берун аз Созмони аҳдномаи амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) медонад ва бозгашти кишварашро ба ин Созмон ғайриимкон хонд. Дар ин хусус расонаҳои ин кишвар хабар додаанд.
“Дар мавриди санадҳое, ки дар нишасти СААД дар Қазоқистон моҳи ноябр қабул шуд, мо гуфтем, ки иштироки худро дар ин Созмон боз доштем. Яъне, мо дар таҳия ва қабули санадҳо ширкат намекунем. Мо ба ҳама гуна пешниҳодҳо вето намегузорем. Воқеан, мо аллакай аз СААД хориҷ шудем” – таъкид кардааст сарвазири Арманистон.
Пашинян ҳамчунин, афзуда, ки бовар дорад, кишвараш дар ин масъала аз нуқтаи бозгашт гузашта аст.
Қобили зикр аст, президенти Федератсияи Русия дар нишасти Остона таъкид кард, ки Арманистон метавонад ба кори доимии Созмон баргардад, зеро аз он хориҷ нашуд, балки “танаффус гирифт”.
Арманистон баъди ҳамлаи Озарбойҷон ба минтақаи Қарабоғи Кӯҳӣ узвияташ дар ин созмонро боздошт. Арманистон аз он норозӣ буд, ки СААД натавониста, ки дар баробари ҳамлаи Озарбойҷон ба Арманистон коре анҷом диҳад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”