Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Сиёсатмадори тоҷик дар Қирғизистон вазифаи нав гирифт
Раиси ҷамъияти Тоҷикони ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ Равшанбек Собиров бо фармони президенти Қирғизистон Содир Жапаров ба вазифаи Вазири кору ҳифзи иҷтимоӣ ва муҳоҷирати Ҷумҳурии Қирғизистон таъин гардид.
Содир Жапаров рӯзи 4-уми декабр дар бораи таъини Равшанбек Собиров ба вазифа фармон баровард ва онро барои тасдиқ ба Парлумон фиристод.
ВАО-и Қирғизистон навиштанд, ки таъиноти нав дар доираи навсозии кадрии ҳукумат ва барои беҳтар намудани фаъолияти ниҳодҳои давлатӣ сурат мегирад. Гуфта мешавад, ки вазири нав Равшанбек Собиров қарор аст, ки масъалаҳои муҳим дар соҳаи кор ва ҳифзи иҷтимоиро ҳаллу фасл кунад.
Қобили зикр аст, ки Равшанбек Собиров сиёсатмардори тоҷик аст, ки дар давраҳои мухталиф дар ҳукуматҳои Қирғизистон масъулияти давлатӣ доштаву онро адо кардааст. Ӯ 52 – сола буда, дар оилаи тоҷик дар ноҳияи Қаросуи вилояти Уши Қирғизистон таваллуд шудааст. Ӯ дар соли 2011 нахустин вазири тоҷик дар ҳукумати Қирғизистон таъин шуд.
Равшанбек Собиров соли 2013 боздошт ва ба гуноҳи ситонидани ришва зиндонӣ шуд. Худи ӯ эълон карда буд, ки парвандааш дорои характери сиёсӣ аст ва гуноҳ надорад. Дар соли 2014 бар асоси қонуни авф раҳо гардид.
Равшанбек Собиров пас аз ин ки гурӯҳи Содир Жапаров ба қудрат омад, дубора вориди ҳукумат шуд. Ӯ дар соли 2020 муовини сарвазир таъин гардид. Моҳи феврали соли 2021 ӯ аз вазифа озод гашт ва ба унвони мушовири раиси ҷумҳур то моҳи октябри ҳамон сол кор кард.
Ӯ дар интихоботи парлумонии соли 2021-и Қирғизистон аз тарафи Ҳизби “Ота-ҷурт” вакил интихоб гардид. Дар соли 2022 бошад президент ӯро раиси Оҷонсии миллии сармоягузорӣ таъин кард. Баъди ним соли фаъолият истеъфо дод. Ҳоло дубора ба ҳукумат баргаштааст. Ҳукумати Содир Жапаров ӯро комилан бегуноҳ эълон кард.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”