Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Русия ба Афғонистон 30 тонна кумакҳои башардӯстона ирсол кард
Аз ҷониби ниҳодҳои кумакунандаи Русия 30 тонна маводи ғизоӣ ба шаҳри Кобул ирсол шуд.
Сафири Русия дар Кобул гуфт, бастаҳои кумакҳои башардӯстона, ки шомили 30 тонна маводи ғизоӣ аст, ба Кобул ирсол гардид. Дмитрий Жирнов, сафири Русия дар Кобул дар ин бора чунин афзуда: “Бастаи кумакҳои башадӯстона рӯзи 4-уми декабр бо супориши Владимир Путин, президенти Федератсияи Русия, ба воситаи ҳавопаймои Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи кишвар ирсол шуд”.
Бояд гуфт, ки бастаҳои кумакҳои башардӯстона аз тарафи созмони хайриявии “Волгоград” барои пайванди фарҳангҳо зери унвони “Хонаи дӯстӣ” ҷамъоварӣ шудааст.
Сафир ҳамчунин, таъкид кард, ин ҳафтумин ҳавопаймои кумакҳои башардӯстона аст, ки аз тарафи созмони мазкур ҷамъоварӣ ва ба Афғонистон ирсол мешавад: “Дар ду соли ахир беш аз 50 ҳазор ниёзманд, аз 14 вилояти Афғонистон кумакҳоро дарёфт кардаанд ва он дар чорчӯби маъмурияти “мардумон якҷо бо ҳам – дар тӯли сол” сурат гирифтааст.”
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”