Иттиҳоди Аврупо барои Украина 45 миллиард евро кумак ҷудо мекунад
Нархи барқу газ дар Британия то 26 дарсад боло меравад
Ҳамлаҳои ҷадиди паҳподии Украина ба манотиқи Русия: беш аз 145 паҳпод сарнагун ва як нафар кушта шудааст
Чин аз ҳаққи мардуми Фаластин пуштибонӣ мекунад: Си Ҷинпин ишғоли сарзамин ва нақзи ҳуқуқи фаластиниҳоро маҳкум кард
Тағйироти иқлим 181 километр пиряхҳои Афғонистонро аз байн бурдааст
Идораи миллии ҳифзи муҳити зисти Афғонистон мегӯяд, ки бо сабаби тағйироти иқлим 181 километр пиряхҳои Афғонистон аз байн рафтааст.
Мутеъулҳақ Халас, сарпараст аз ҳайати гурӯҳи террористии Толибони Идораи миллии ҳифзи муҳити зисти Афғонистон дар нишасти матбуотӣ ин нуктаро таъкид карда, чунин афзудааст: “Насли 149 навъ ҳайвонот ва наботот дар хатари нобудӣ қарор дорад ва ду миллиону 500 ҳазор нафар ба сабаби хушксолӣ овора шудаанд”.
Ӯ зимни баргузор кардани нишасти хабарӣ дар Кобул гуфта, ки иштироки ҳукумати сапарасти Афғонистон дар Конфронси тағйири иқлим (СОР 29) боис гардид, ки таваҷҷуҳи ҷаҳониён ба масъалаи тағйироти иқлим дар ин кишвар ҷалб шавад.
Сапарасти Идораи миллии ҳифзи муҳити зисти Афғонистон, ҳайати гурӯҳи террористии Толибон ҳамкорӣ ва мубориза бо тағйири иқлим ва ҳузури фаъоли Афғонистон дар нишастҳои минтақавӣ ва ҷаҳониро хостор шудааст.
“Бар асари тағйироти иқлим дар Афғонистон беш аз 2 миллиону 500 ҳазор нафар бехонумон шудаанд ва беш аз 13 миллион доллар инфрасохтор вайрон шудааст” –таъкид карда сарпарасти Идораи миллии ҳифзи муҳити зисти гурӯҳи террористии Толибон.
Ӯ илова карда, ки дар нишаст барои кишварҳои осебпазир аз тағйироти иқлим то соли 2035 маблағи 300 миллиард доллар дар назар гирифта шудааст ва Афғонистон барои мубориза бо тағйироти иқлим ба 20 миллиарду 300 миллион доллар ниёз дорад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад