Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
“Сандӣ Гардиан”: Толибон барои наҷот аз Покистон ба Ҳинд паноҳ мебаранд
Рӯзномаи “Сандӣ гардиан”-и чопи Ҳиндустон навиштааст, ки мақомҳои гурӯҳи террористии Толибон хостори беҳбуди равобит миёни Афғонистону Ҳиндустон ҷиҳати коҳиш додани нуфузи Покистон ҳастанд. Ин рӯзнома менависад, ки гурӯҳи Толибон хостори густариши равобит бо Ҳинд буда ва аз ин тариқ мехоҳанд худро аз нуфузи Покистон дур кунанд.
Гурӯҳи террористии Толибон пешниҳод кардаанд, ки Ҳинд бо сармоягузорӣ дар бахшҳои тиҷорат, тандурустӣ ва маориф вобастагии Афғонистон ба Покистонро коҳиш дода метавонад.
Гурӯҳи Толибон Наҷиб Шоҳин, писари Суҳайл Шоҳинро барои сарпарастии сафорати Афғонистон дар Деҳлӣ пешниҳод кардаанд.
Тибқи гузориши рӯзномаи зикршуда, мақомоти Толибон хоҳиши зиёд ба густариши равобит бо Ҳинд доранд ва ин хоҳиши худро чандин бор ба мақомоти ин кишвар ёдрас кардаанд. Рӯзнома менависад, ки ин гурӯҳ мехоҳад барои наҷот аз Покистон ба домони Ҳинд паноҳ бибарад.
Ҳамчунин, гурӯҳи террористии Толибон аз мақомоти ҳиндӣ дархост кардааст, ки додани бурсияҳои таҳсилӣ ба хонандагони афғонистониро оғоз кунанд.
Ихтилофи геополитикии Толибон бо Покистон дар ҳолест, ки ин гурӯҳ тақрибан 20 сол аз хоки Покистон алайҳи ҳукумати қонунии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ки шомили ҳама ақвом буд, меҷангиданд. Ҳоло бошад ин гурӯҳи террористӣ бо Покистон равобити пуртанишеро таҷриба мекунанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”