Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Транзит миёни Эрон, Ӯзбекистон ва Ҳиндустон ба воситаи Бандари Чобаҳор осон мешавад
Дар даври сеюми нишасти муштарак намояндагони Эрон, Ҳиндустон ва Ӯзбекистон дар шаҳри Момбайи Ҳиндустон масъалаи осон кардани табодули тиҷоратӣ ва транзити маҳсулот тавассути Бандари Чобаҳорро баррасӣ карданд.
Дар мулоқоти сеҷониба намояндагони вазоратҳо, аз ҷумла ниҳодҳои вобаста ба киштиронӣ ва роҳҳои обии Ҳиндустон, сафирони Ӯзбекистону Эрон ва дипломатҳои Ҳиндустон ширкат доштанд.
Зимни баррасии масъалаҳо ҷонибҳо имкониятҳои инфрасохтори шабакаи нақлиёт ва монеаҳои дар ин самт ҷойдоштаро мавриди муҳокима қарор доданд.
Масъалаи татбиқи чораҳои зарурӣ дар самти мусоидат ба табодули тиҷорат тавассути Бандари Чобаҳор дар рӯзномаи мулоқоти сеҷониба ворид карда шуд. Дар мулоқот, ҳамчунин, масъалаи ҳамлу нақли маҳсулоти содиротиву воридотӣ аз тариқи Бандари Чобаҳор ба таври муфассал баррасӣ гардид.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”