Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Ронандагони қазоқ дар фасли зимистон барои чархҳои тобистона ҷарима мешаванд
Мақомоти полиси шаҳри Алмаато ба ронандагон ҳушдор додаанд, ки барои рондани мошин дар фасли зимистон бо чархҳои тобистона ҷарима хоҳанд шуд.
Мақомоти полиси шаҳри Алмаато гуфтаанд, ки барои рондани мошин бо чархҳои тобистона дар фасли зимистон 35 доллар ҷарима хоҳанд шуд.
“Тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Қазоқистон дар мавсими зимистон (декабр, январ, феврал) кор фармудани мошинҳое, ки бо чархҳои зимистона муҷаҳҳаз нестанд, манъ аст. Дар ҳамаи мошинҳо чархҳои тобистона насб карда шудаанд” – таъкид кардааст Асхат Кулбоев, сардори шуъбаи полиси маъмурии Раёсати корҳои дохилии шаҳри Алмаато.
Дар банди 5-и моддаи 590 –и кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Қазоқистон гуфта шудааст, рондани воситаҳои нақлиёте, ки ба талаботи регламентҳои техникӣ ва стандартҳои миллӣ мутобиқат намекунад, ба андозаи 5хк (18,4 танга, муодили 35 доллар) ҷариба муқаррар шудааст. Дар сурати такрори қонуншиканӣ ҷарима дар ҳаҷми 20 МСИ (73, 8 ҳазор танга ё 142 ҳазор доллар) муқаррар шудааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”