Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Гурҷистон пас аз эътирози саросарӣ музокирот бо Иттиҳоди Аврупоро аз сар мегирад
Сарвазири Гурҷистон дар пайи гирдиҳамоиҳои саросарӣ дар ин кишвар ваъда дод, ки ҳукумати ин кишвар музокироти пайвастан ба Иттиҳоди Аврупоро аз сар хоҳад гирифт.
Ираклий Кобахидзе, сарвазири Гурҷистон таъкид кард, ки музокироти пайвастан ба Иттиҳоди Аврупо, ки мутаваққиф шуда буд, аз сар гирифта мешавад.
Дар ду рӯзи охир бархе шаҳрҳои кишвари Гурҷистон шоҳиди гирдиҳамоиҳои густурда буд. Эътирозгарон ба маркази пойтахт - Тифлис ҷамъ омада, роҳҳои мошингузар ва пиёдаравро бастанд. Талаби асосии онҳо лағви банди моддаест, ки музокироти Гурҷистон барои пайвастан ба Иттиҳоди Аврупоро барои солҳои тӯлонӣ боз медорад.
Вазорати корҳои дохилии Гурҷистон ба эътирозгарон ҳушдор дод, ки бетартибиро фавран хотима диҳанд. Аз иттилои ВАО маълум мешавад, ки полис бархе аз эътирозгаронро боздошт кардааст.
Эътирози саросарӣ баъди он рӯй дод, ки президенти Гурҷистон эълон кард, музокироти пайвастан ба Иттиҳоди Аврупо то соли 2028 боз дошта шуд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”