Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Ҳалаб ҷавлонгоҳи нави террористон. Русия ба кумаки Башор Асад шитофт
Гурӯҳҳои террористӣ дар Сурия бо як ҳамлаи ғофилгирона бузургтарин шаҳрҳои ин кишвар, аз ҷумла Ҳалаб, Ҳумо ва Ҳумсро тасарруф карданд. Тибқи гузориши ВАО раҳбарии ҷангро гурӯҳи террористии “Таҳрир-аш-шом” бар уҳда дорад.
Дар рӯзҳои шанбе ва якшанбе гурӯҳҳои террористӣ аксари ноҳияҳоро дар Ҳалаб ва Сурия тасарруф кардаанд. Дар натиҷа ҳамчунин, Маркази фармондеҳӣ, консулгарии Эрон, қароргоҳи ҳукумати маҳалли дар Ҳалаб ва ғайра ба дасти террористон афтод.
Ситоди артиши Сурия фармони ақибнишинӣ аз шаҳрҳои зикршударо содир кард, ки ВАО дар ин бора менависанд, гурӯҳҳои террористӣ бидуни муқовимат ва ҷанг шаҳрҳои зикршударо тасарруф намуданд.
Ситоди артиши Сурия таъкид кард, ки ақибнишинии неруҳо тактикӣ буда, барои бозпасгирии шаҳрҳо аз дасти террористон амалиётро оғоз хоҳанд кард.
Дар пайи ҳамлаи террористон неруҳои ҳавоии Русия ҳамларо оғоз карданд. Бар асоси иттилои ВАО ҳавопаймоҳои Русия қароргоҳҳои террористон дар Ҳалаб, Ҳумо, Ҳумс ва Идлибро мавриди ҳамла қарор доданд. Дар пайи ҳамлаи ҳавоии Русия раҳбари гурӯҳи террористии “Таҳрир-аш-шом” дар шаҳри Ҳалаб кушта шуд.
Вазирони корҳои хориҷии Эрон, Русия ва Туркия дар суҳбати телефонӣ таҳаввулоти ахир дар Сурияро баррасӣ намуда, таъкид намуданд, ки ба муқобили гурӯҳҳои террористӣ бояд муштаракан мубориза баранд.
Башор Асад, президенти Сурия дар маҷлисе, ки бо фармондеҳони артиш доир шуд, таъкид кард, ки террористон фақат забони зӯрро мефаҳманд ва ҳукумати ин кишвар аз тамомияти арзии Сурия ҳимоят хоҳад кард.
Бархе аз кишварҳои арабӣ, аз ҷумла Имороти Муттаҳидаи Араб дар суҳбати телефонӣ бо Башор Асад аз ҳукумати қонунӣ пуштибонӣ кардаанд.
Сарвазири Исроил Бенёмин Натанёҳу гуфт, ки таҳаввулоти Сурияро аз наздик назорат мекунад.
Кишвари Ироқ бошад дар робита ба ин ҳодиса марзҳояш бо Сурияро комилан баст. Сарвазири ин кишвар гуфт, ки барои мубориза бо террористон якҷоя бо ҳукумати Башор Асад мубориза хоҳанд кард.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”