27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:44, Душанбе
30.11.2024 17:08

Шавкат Мирзиёев рушди иқтидори иқтисодии Бухороро баррасӣ кард

Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар ҷаласае, ки рӯзи 29-уми ноябр доир гардид, масъалаи афзоиши воридоти сармоягузорӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ ва рушди иқтидори иқтисодии Бухороро мавриди баррасӣ қарор дод.

Тибқи маълумот иқтисоди вилояти Бухоро асосан кишоварзӣ аст: “Тайи 7 соли ахир ба вилоят беш аз 4 миллиард доллар сармоя ҷалб гардид, ки ба рушди соҳаи энергетика, электротехника, саноати химия, дорусозӣ ва истеҳсоли нассоҷиву чарм мусоидат кард”, - менависад ВАО-и Ӯзбекистон

Шавкат Мирзиёев, ки бо сафари корӣ ба Бухоро ташриф оварда буд, масъалаи муҳимми иқтисодиро бо мақомоти вилоят баррасӣ намуд. Сафари президент ба рушди вилоят такони ҷиддӣ хоҳад бахшид. Таъкид шуд, ки ҳамаи супоришҳои ба миён гузошташуда то охири сол бояд иҷро шавад.

Президенти Ӯзбекистон таъкид намуд, ки зарурати таъмини рушди минбаъдаи иқтисод дар соли 2025 ва баланд бардоштани сатҳи шуғлу сатҳи зиндагии мардум ҳадафи асосии ҳукумат аст. Дар робита ба ҳадафи зикршуда гурӯҳҳои корӣ захираҳои иловагии минтақа ва монеаҳоеро, ки ба рушди соҳибкорӣ халал мерасонанд, мавриди омӯзиш қарор доданд.

Дар ҷаласа президент аз нишондиҳандаҳои иқтисодии имрӯзаи вилоят изҳори қаноатмандӣ намуда, корҳои ғайриқаноатбахш барои ҷалби сармоя, мубориза бо фақр ва коҳиши бекориро зикр намуд.  Таъкид гардид, ки ба иҷрои 70 лоиҳаи афзалиятнок ва муваффақ дар Сайҳунобод, Уйчӣ, Зарбдор ва Ғиждувон таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Тибқи пешбинӣ иҷрои лоиҳаҳо ба 150 нафар даромад меорад ва 40 ҳазор сокинони минтақаро аз фақр наҷот медиҳад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.