Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Зани қочоқбари инсон аз Туркия ба Ӯзбекистон истирдод шуд
Як шаҳрванди ӯзбекистонии гумонбар ба қочоқи инсон, ки 8 сол боз дар ҷустуҷӯ буд, аз Туркия истирдод шуд.
Ин шаҳрванди Ӯзбекистон зани 44-сола Қодирова Т. аст, ки 8 сол боз дар ҷустуҷӯ буд. Ӯ акнун дар Туркия боздошт ва ба шаҳри Тошканд оварда шуд. Ин панҷумин занест, ки дар соли 2024 ба гумони қочоқи инсон аз Туркия ба Ӯзбекистон истирдод мешавад. Дар ин хусус дафтари матбуоти консулгарии Ӯзбекистон дар Истамбул хабар додааст.
Зани гумонбар ба қочоқи инсон дар пайи гузаронидани амалиёти вазорати корҳои дохилии ду кишвар боздошт шудааст.
Мақомоти полис гуфтаанд, аз шахсоне, ки аз кирдори зани гумонбаршуда зарар дидаанд, даъват намудаанд, ба консулгарии Ӯзбекистон дар Истамбул, Вазорати корҳои дохилӣ ё шуъбаи минтақавии корҳои дохилӣ муроҷиат намоянд.
Қабл аз ин, рӯзи 10-уми январ Мирхонова Н., маъруф ба “Мадам Клод”, рӯзи 24-уми январ Умарова Д. ва Улмасова М. ба Ӯзбекистон истирдод шуданд. Рӯзи 21-уми феврал Алиҷонова М. бо лақаби “Моня” ба Тошканд оварда шуд.
Ҳамчунин, як шаҳрванди 38-солаи Ӯзбекистон, ки дар аз соли 2021 ба гумони қаллобӣ дар ҷустуҷӯ буд, дар Туркия боздошт ва ба Ӯзбекистон истирдод гардид.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”