27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:48, Душанбе
30.11.2024 12:40

Мухолифини исломгарои Башор Асад вориди шаҳри Ҳалаб шуданд

Гурӯҳи террористии “Таҳрир-ал-шом”, ки рӯзи чоршанбе ҳамла ба шаҳри Ҳалабро оғоз карда буд, комилан ин шаҳрро тасарруф кард. ВАО хабар медиҳад, ки субҳи рӯзи 30-уми ноябр қароргоҳҳои полис ва идораҳои давлатӣ дар ин шаҳр ба тасарруфи террористон даромаданд.

Дар Сурия ҷангҳои ҷадид байни неруҳои Башор Асад ва гурӯҳҳои террористӣ дар шаҳрҳои Адлиб ва Ҳалаб тайи ду рӯзи ахир шиддат мегиранд.

Гуфта мешавад, ки барои пуштибонӣ аз неруҳои Башор Асад неруҳои ҳавоии Федератсияи Русия вориди амал шудаанд. Неруҳои ҳавоии Русия мавқеъҳои гурӯҳои террористӣ дар шаҳри Ҳалаб ва Адлибро бомбаборон кардаанд. ВАО хабар медиҳад, ки дар натиҷаи ҳамлаҳои ҳавоии Русия беш аз 300 нафари гурӯҳҳои террористӣ кушта шуданд.

Неруҳои артиши Русия аз шаҳр ақибнишинӣ кардаанд. Хабаргузории вобаста ба давлати Сурия хабар медиҳад, ки барои пуштибонӣ аз артиши Сурия Русия кумакҳои иловагӣ хоҳад фиристод.

Бархе аз гурӯҳҳои террористӣ, ки вориди Ҳалаб шудаанд, вобаста ба Туркия мебошанд. Тибқи гузориши ВАО дар натиҷаи бомбаборони ҳавоии Русия 4 неруҳои низомии Туркия, ки дар Сурия қарор доранд, кушта шуданд. Русия ба мавқеи ҷойгиршавии гурӯҳои террористӣ ва неруҳои вобаста ба Туркия ҳамлаи ҳавоӣ анҷом дод.

Хабаргузории давлатии Сурия хабар дод, ситоди артиши Сурия зимни нашри баёния таъкид кард, ки неруҳои артиш барои муқобила бо ҳамлаи густурдаи гурӯҳи террористон омодагии комил доранд. Дар баёнияи артиши Сурия зикр шуд, ки “Ин гурӯҳҳои террористӣ дар ҳамлаи худ бар навъҳои мухталифи силоҳҳои сангин ва миёна, паҳбод ва гурӯҳҳои зиёди террористҳои хориҷӣ такя доранд. То кунун даҳҳо дастгоҳ ва таҷҳизот, худравҳои низомӣ ва зидигулулаи террористӣ мавриди ҳамла қарор гирифтанд ва ҳафт ҳавопаймои бидуни сарнишин сарнагун шуданд”.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.