Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Миёни Қазоқистон ва Русия санади шарикии роҳбурдӣ имзо шуд
Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин ва президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев санади таҳкими шарикии роҳбурдӣ миёни ду кишварро имзо намуданд, ки тибқи он дар сурати ҳамла ба яке аз ин ду кишвар, ҳар ду вазифадор мешаванд, аз якдигар ҳимоят кунанд.
Дар ин бора хабаргузории “ТАСС” навиштааст, ки бар асоси санади зикршуда Қазоқистон ва Русия мақсад доранд, аз якдигар ҳимоят кунанд ва бо ҳар гуна иқдомҳое, ки ба субот ва тамомияти арзии онҳо осеб мезанад, мубориза намоянд.
“Президентҳои ду кишвар таъкид карданд, ки Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Қазоқистон ба ҳимояти мутақобил аз якдигар идома хоҳанд дод ва бо ҳар гуна талош барои эҷоди бесуботии дохилӣ, нақзи ҳокимият, тамомияти арзии Русия ва Қазоқистон ба таври муштарак муқобила хоҳанд кард” – дар матни санад чунин таъкид шудааст, ки он аз тарафи сомонаи расмии Кремл нашр гардид.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”