27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:45, Душанбе
28.11.2024 10:33

Исроил ва Ҳизбуллоҳ пас аз як соли ҷанг оташбас эълон намуданд

Миёни Ҳизбуллоҳи Лубнон ва Исроил бо миёнҷигарии дипломатҳои амрикоӣ ва фаронсавӣ рӯзи чоршанбеи ҳафтаи ҷорӣ оташбас барқарор гардид.

Бар асоси созишномаи оташбас Ҳизбуллоҳ қатъномаи 1701-и СММ –ро мепазирад ва тибқи он аз 30 километрии марзи Исроил ақибнишинӣ мекунад ва ба ҳамин тариқ артиши Лубнон назорати комили марз бо Исроилро ба даст хоҳад гирифт. Бар асоси созишнома артиши Исроил тадриҷан аз ҷануби Лубнон хориҷ хоҳад шуд.

Аз субҳи рӯзи чоршанбе аллакай оташбас дар Лубнон ҷорӣ шуд. Тарафҳои ҷанг оташбасро риоя мекунанд. Тибқи иттилои ВАО ҳазорон сокинони лубнонӣ, ки аз ҷануби Лубнон фирор намуда буданд, дар ҳоли бозгашт ба хонаҳои худ ҳастанд.

Сарвазири Лубнон Наҷиб Миқотӣ дар иртибот бо бақарор шудани оташбас гуфт, ки “аз ҷомеаи байналмилалӣ хоста мешавад, барои поён додан ба ин таҷовуз ва иҷрои фаврии оташбас зудтар амал кунанд”.

Сарвазири Исроил Бенёмин Натанёҳу низ аз оташбас истибқол намуда, таъкид кардааст, ки агар Ҳизбуллоҳ бори дигар дар ҷануби Лубнон пойгоҳҳои низомӣ бисозад, дубора артиши Исрил ҳамла хоҳад кард.

Амрико ва Фаронса аз барқарор шудани оташбас миёни Исроил ва Ҳизбуллоҳ иҳзори хушнудӣ намуда, онро ягона роҳи поёни ҷанг маънидод намудаанд.

Эрон низ аз барқарор шудани оташбас миёни Ҳизбуллоҳ ва Исроил изҳори хушнудӣ намуда ва таъкид кард, ин оташбас боиси он мешавад, ки Эрон дар посухи ҳамлаҳои ҳавоии Исроил ба Эрон ва амалӣ намудани ҳамлаи “Содиқ 2” таҷдиди назар кунад.

Қобили зикр аст, ки ҷанги Ҳизбуллоҳи Лубнон бо Исроил аз замони оғози ҳамлаи Ҳамос, ки рӯзи 7-уми октябри соли 2023 сурат гирифт, шуруъ гардид. Пас аз таркиши пейҷерҳо, ки баъдан Исроил онро ба уҳда гирифт, ҷанг шиддати бештар гирифт. Дар ин ҷанг аксари роҳбарони Ҳизбуллоҳ кушта шуданд. Ҷануби Лубнон комилан вайрон шуда, ҷануби пойтахти ин кишвар Бейрут низ шоҳиди бомбаборони шадиди неруҳои ҳавоии Исроил буд. Ҳазорон нафар ғайринизомӣ дар ин ҷанг кушта шуданд. Ҳизбуллоҳ низ дар посух ба ҳамлаҳои Исроил ҷануби ин кишварро ҳамеша мавриди мушакборон қарор дод.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.