Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Сергей Шойгу ба Афғонистон сафар кард
Дабири Шурои амнияти Федератсияи Русия Сергей Шойгу бо сафари расмӣ вориди Кобул шуда, бо мақомоти баландпояи гурӯҳи террористии Толибон мулоқот анҷом дод.
Сергей Шойгу бо Мавлавӣ Абдулкабир, муовини сиёсӣ ва иқтисодии Сарвазир ва Мулло Бародар ва дигар мақомоти баландпояи Толибон мулоқот анҷом додааст. Гуфта мешавад, ки ҷонибҳо дар ин мулоқот масъалаҳои робитаҳои сиёсӣ, ҳамкориҳои иқтисодӣ, афзоиши сатҳи тиҷорату транзит, сармоягузорӣ дар Афғонистон, бекор намудани номи Толибон аз феҳристи гурӯҳҳои террористӣ дар Русия ва ҳимоят аз курсии намояндагии Афғонистон дар СММ – ро мавриди гуфтугӯ қарор додаанд.
Дар ин сафар Сергей Шойгу бо блоки низомии гурӯҳи террористии Толибон, аз ҷумла Мулло Яъқуб, вазири дифоъ ва Сироҷиддин Ҳаққонӣ, вазири корҳои дохилии Ҳукумати гурӯҳи террористии Толибон дидор ва гуфтугӯ намудааст.
“Моилам омодагии худро барои эҷоди гуфтугӯи сиёсии созанда байни кишварҳоямон тасдиқ кунам ва яке аз мақсадҳои мо пешниҳоди гуфтугӯ барои созиш миёни афғонҳо аст”- гуфтааст Сергей Шойгу.
Дидор ва мулоқоти раиси Шурои амнияти Русия Сергей Шойгу бо мақомоти баландпояи Толибон дар Кобул дар ҳолест, ки чанде қабл муовини вазири хориҷии ин кишвар Андрей Руденко таъкид намуда буд, ки ҳанӯз вақти ба расмият шинохтани Толибон зуд аст.
Имрӯзҳо гурӯҳи террористии Толибон дар талошанд, ки аз тарафи ҷомеаи байналмилалӣ ба расмият шинохта шаванд.
ВАО-и ғарбӣ бо такя ба манобеашон зикр кардаанд, ки Сергей Шойгу дар ин сафар аз Толибон кумаки низомӣ, аз ҷумла фиристодани ҷангҷӯён ба ҷанги Украинаро талаб кардааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”