27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:45, Душанбе
27.11.2024 18:38

Дар соли 2025 дар Ӯзбекистон музди меҳнат, нафақа ва ёрдампулӣ зиёд мешавад

Маҷлиси Олии Ӯзбекистон хабар медиҳад, ки аз моҳи январи соли ҷорӣ музди меҳнат, нафақа ва ёрдампулии иҷтимоӣ сари вақт пардохт шуда ва ҳаҷми он бошад ба андозаи бештар аз мизони таваррум зиёд карда мешавад.

Дар Маҷлиси Олии Ӯзбекистон вакилон дар тарҳи лоиҳаи буҷаи соли 2025 масъалаи мазкурро баррасӣ ва дар лоиҳа ҷой додаанд. Масъулини парлумони Ӯзбекистон таъкид намуданд, ки дар лоиҳаи буҷаи соли 2025 барои иҷрои тамоми уҳдадориҳои иҷтимоии давлат дар назди шаҳрвандон, аз ҷумла пардохти саривақтии музди меҳнат ва кумакҳои иҷтимоӣ маблағи кофӣ пешбинӣ шудааст.

Дар лоиҳаи мазкур самти иҷтимоии хароҷоти буҷети давлатӣ барои ташкили системаи маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ки ба талаботи аҳолӣ ва талаботи стандартҳои байналмилалӣ пурра ҷавобгӯ аст, мушаххас шудааст. Аз ҷумла, барои коҳиши сатҳи камбизоатӣ 20 триллион маблағ ҷудо мешавад.

Дар лоиҳа, ҳамчунин, тадбирҳое, ки боиси устувор намудани ҳадафнокӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ гирифта мешавад, махсусан қайд гардидааст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.