27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:44, Душанбе
27.11.2024 16:17

Раиси Бонки Чин ба хотири ришваситонӣ ба ҳукми қатл маҳкум шуд

Лю Лянгэ, раиси пешини Бонки Чин рӯзи сешанбеи ҳафтаи ҷорӣ барои гирифтани ришва ва додани қарзи ғайриқонунӣ ба ҳукми қатл маҳкум шуд. Дар ин хусус хабаргузории “Синхуа” низ хабар медиҳад.

Тибқи иттилои ВАО-и кишвари Чин додгоҳи мардумии шаҳри Ҷинани музофоти Шандун Лю Лянгэро ба гирифтани ришва ба маблағи 16,8 миллион доллар гунаҳкор донист.

Додгоҳ муайян кард, ки Лю Лянгэ дар соли 2010 то соли 2023 дар вазифаҳои мухталиф кор карда, дар вақти роҳбарии Бонки содироту воридоти Чин ва Бонки Чин-ро бар душ доштан бо истифода аз ваколатҳои хизматии худ манфиати шахсони сеюмро ҷонибдорӣ намудааст. Ӯ бо сӯйистифода аз ваколатҳои худ ба маблағгузории қарзӣ, ҳамкориҳои лоиҳавӣ, таъиноти кадрҳо кумак намуда, бар ивази ҳалли масъалаҳои зикршуда ришва гирифтааст.

Илова бар он, муайян карда шуд, судшаванда бар хилофи меъёрҳои ҳуқуқӣ дар додани қарз ба ширкатҳое, ки ба талаботи зарурӣ посухгӯ нестанд, ба маблағи умумии беш аз 3,32 миллиард юан кумак кардааст. Дар натиҷа ӯ ба кишвараш беш аз 190,7 миллион юан зарари молиявӣ расонидааст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.