Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Дар “Янги ҳаёт”-и Ӯзбекистон минтақаи махсуси саноатӣ таъсис дода мешавад
Шавкат Мирзиёев, президенти Ӯзбекистон аз ноҳияи Янгиҳаёт дидан намуд, ки дар он ҷо минтақаи махсуси “Янги авлод” сохта мешавад.
“Дар шароити рушди иқтисодӣ ва талабот зарурати сохтани майдонҳои истеҳсолии иловагӣ ба миён омадааст. Бо фармони президент сохтани минтақаи махсуси иқтисодӣ дар ноҳияи Янгиҳаёт чунин майдонҳоро барои корхонаҳои нав фароҳам меоварад” - менависад Дафтари матбуоти президенти ин кишвар.
Гуфта мешавад, ки маҷмаии махсуси саноатӣ 764 гектарро фаро мегирад. Дар ин минтақа 47 лоиҳа, бо арзиши умумии 1,375 миллиард доллар амалӣ мешавад ва бо сохтани корконаҳои мазкур 12 ҳазор ҷойҳои нави корӣ ташкил карда мешавад.
Президенти Ӯзбекистон зимни ошноӣ бо лоиҳаҳои амалишаванда дар минтақаи махсуси саноатии навбунёди ноҳияи Янгиҳаёт чунин зикр намуд: “Дар солҳои охир ММД –и мо ду маротиба афзоиш ёфта, ба 110 миллиард доллар расид. Ҳоло мо ҳадаф дорем, ки ин нишондиҳандаро ба 200 миллиард доллар расонем. Бе фароҳам овардани тамоми шароитҳо барои сармоягузорон ва дастгирии пурраи лоиҳаҳо ба ин натиҷа наметавон расид. Тошканд бояд дар ин самт намуна шавад."
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”